Хушхабар аз
Луқо
Пешгуфтор
Луқо, ки муаллифи ин китоб мебошад, аз рӯи касбаш духтур буд. Дар байни ҳамаи муаллифони китоби Аҳди Нав ӯ ягона муаллифест, ки ғайрияҳудӣ буд. Азбаски Луқо худ шоҳиди зиндагии Исо набуд, аз ин рӯ ҳангоми тартиб додани ин Хушхабар ба бисёр навиштаҳои дигарон дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Исои Масеҳ муроҷиат кардааст. Баъдтар тамоми маълумоти гирифтаашро ботартиб ҷо ба ҷо карда, китоби Хушхабарро барои як нафари баобрӯи ғайрияҳудӣ ба номи Теофилус менависад. Тахмин аст, ки ин Хушхабар тақрибан дар соли 75-и мелодӣ навишта шудааст ва маълумоти бештари он аз Хушхабар аз Марқӯс, ки пештар навишта шуда буд, гирифта шудааст. Бинобар ин Хушхабар аз Луқо бо Хушхабар аз Марқӯс бисёр монандӣ дорад.
Муаллиф воқеаҳои зиндагии Исоро дар саҳнаи ҳодисаҳои таърихии ҳамон замон баён намудааст, то нишон диҳад, ки имони масеҳиён ба он воқеаҳое аст, ки дар асоси таърихӣ низ исбот доранд. Ҳамчунон ӯ қайд мекунад, ки зиндагии заминии Масеҳ ҳиссаи бисёр муҳимро дар таърихи тамоми башар гузоштааст.
Дар ин китоб Луқо ба чанд мавзӯъ аҳамияти махсус медиҳад: яке ин аст, ки Исо барои наҷоти ҳамаи одамон ба замин омадааст: чи яҳудӣ чи ғайрияҳуд, чи сарватманду чи камбағал, чи диндору чи беимонон! Дигаре ин аст, ки дар зиндагии Исо дуо чӣ аҳамият дошт. Исо бисёр дуо мекард: баъд аз он ки дар об таъмид гирифт, пеш аз интихоб кардани шогирдонаш, пеш аз пурсиш кардани шогирдонаш, ки Ӯро кӣ мешуморанд ва пеш аз дар салиб ҷон доданаш. Ҳамчунин аз ин Хушхабар мо се ҳикояи Исоро ёд мегирем, ки дар бораи дуо гуфтааст.
Чанд масалҳои беҳтарине, ки Исо барои таълим додан дар бораи муҳаббати Худо истифода бурдааст, танҳо дар Хушхабар аз Луқо нақл шудаанд: масал дар бораи сомарии накӯкор, масал дар бораи гӯсфанди гумшуда ва масал дар бораи писари гумроҳшуда.
Луқо боз дар китоби худ ғамхории Худоро нисбат ба камбағалону бечорагон нишон медиҳад: хабари хуш ба камбағалону бечорагон бояд расонда шавад, онҳо соҳиби баракати Худо мебошанд, онҳо ба базми бузург даъват ҳастанд.
Дар бобҳои охирини китоб Луқо дар бораи зинда шудани Исои Масеҳ ба тавре баён мекунад, то хонанда боварӣ ҳосил кунад, ки ба пеши шогирдон арвоҳи Исо не, балки Худи Исо дар бадани худ зинда шуда омада буд. Ӯ зинда буд, ки луқмае аз моҳӣ хӯрд. Луқо нишон додан мехост, ки зиндашавии Исои Масеҳ тасаввуроти хаёлии касе набуда, балки воқеаи ҳақиқӣ мебошад.
Дар хотимаи китоби худ Луқо дар бораи ба осмон рафтани Исо нақл мекунад. Аммо пеш аз ин ки ба осмон равад, Ӯ ба шогирдонаш гуфтааст: «Мувофиқи гуфтаҳои навиштаҷот Таъиншудаи Худо бояд азоб кашад ва дар рӯзи сеюм аз мурдагон зинда шавад.
Ба номи Ӯ аз Ерусалим сар карда ба ҳамаи халқҳо тавба ва бахшоиши гуноҳҳо эълон карда мешавад ва шумо шоҳидони ҳамаи ин воқеаҳо ҳастед» (Луқо 24:46–48).
1
Пешгуфтор
1-3  Теофилуси мӯҳтарам!
Бисёр касон ботартиб навиштани воқеаҳоеро сар карданд, ки дар байни мо ба амал омада буданд. Онҳо аз рӯи нақлҳое тартиб медиҳанд, ки шоҳидону хизматчиёни аввалини Хушхабар ба мо расондаанд. Аз ин рӯ, ман ҳам ин воқеаҳоро аз аввал бодиққат тадқиқ карда, дуруст донистам, ки онҳоро як-як ба шумо бинависам, то дуруст будани таълимотеро, ки аз он хабар ёфтаед, бидонед.
Хабар дар бораи Яҳёи Таъмиддиҳанда
Дар замони ҳукмронии Ҳиродус ном подшоҳи сарзамини Яҳудия рӯҳоние зиндагӣ мекард, ки аз авлоди Абиёи рӯҳонӣ буд. Вай Закарё ном дошт ва занашро, ки аз авлоди Ҳоруни рӯҳонӣ буд, Элисобат меномиданд. Ин зану шавҳар дар назари Худо беайб буданд ва тамоми фармону қонунҳои Худовандро пурра ба ҷо меоварданд. Онҳо ягон фарзанд надоштанд, чунки Элисобат зани нозой буд, ғайр аз ин ҳардуяшон аллакай пир шуда буданд.
Рӯзе навбати хизмат ба гурӯҳи Закарё расид ва ӯ ҳамчун рӯҳонӣ дар пеши Худо машғули иҷрои вазифааш шуд. Барои муайян кардани касе, ки мувофиқи расми рӯҳониён ба Хонаи Худованд даромада, ширеши хушбӯйро месӯзонад, қуръа партофта шуд ва он ба номи Закарё афтид. 10 Вақте ки Закарё машғули сӯзондани ширеши хушбӯй буд, тамоми мардум дар берун истода дуо мекарданд.
11 Баногоҳ ба Закарё фариштаи Худованд зоҳир шуд, ки дар тарафи рости қурбонгоҳи ширеши хушбӯй меистод. 12 Ҳамин ки Закарё ӯро дид, беқарор шуд ва вуҷудашро воҳима зер кард. 13 Аммо фаришта ба ӯ гуфт: «Ҳой Закарё, натарс. Дуоят ба даргоҳи Худо қабул шуд. Ҳамсарат Элисобат писаре хоҳад зоид ва ту ӯро Яҳё ном хоҳӣ гузошт. 14 Шодиву хурсандӣ насибат мегардад ва таваллуди ин кӯдак боиси хушнудии бисёриҳо мешавад, 15 зеро ӯ дар назари Худованд бузург хоҳад шуд. Ӯ бояд ҳеҷ шаробу май нанӯшад. Кӯдак ҳанӯз пеш аз таваллуд шуданаш аз Рӯҳи Муқаддас пур шуда, 16 аз байни халқи Исроил бисёр касонро ба сӯи Худованд Худои онҳо бармегардонад. 17 Вай ҳам мисли Илёс пайғамбар дар рӯҳ ва қудрат пешопеши Худованд қадам мезанад, то ки дилҳои падаронро ба фарзандонашон наздик карда, саркашонро ба ҳикмати накӯкорон орад ва бо ин роҳ барои Худованд халқро тайёр кунад».
18 Закарё аз фаришта пурсид: «Аз куҷо мефаҳмам, ки ин мешавад? Охир ману занам пир шудаем» 19 Фаришта ба ӯ ҷавоб дод: «Ман Ҷаброил ҳастам ва дар ҳузури Худо меистам. Ӯ маро фиристод, то ки бо ту гап зада, ин хабари хушро ба ту бирасонам. 20 Вале чун ба суханонам, ки дар вақти муайяншуда иҷро хоҳанд шуд, бовар накардӣ, ҳоло гунг мешавӣ ва то он рӯзе, ки ҳамаи гуфтаҳоям ба амал наоянд, сухане гуфта наметавонӣ».
21 Мардуме, ки интизори Закарё буданд, ҳайрон шуданд, ки чаро ӯ вақти зиёде дар Хонаи Худо мемонад. 22 Ҳангоме ки Закарё берун омад, ҳеҷ сухан гуфта наметавонист ва онҳо фаҳмиданд, ки дар Хонаи Худо ба вай чизе аён шудааст. Ӯ гунг шуда буд, аз ин сабаб бо одамон бо имову ишора гап мезад. 23 Ҳамин ки вақти хизмати Закарё ба охир расид, вай ба хонааш баргашт.
24 Баъд аз ин зани вай Элисобат ҳомиладор шуд ва аз ин рӯ, панҷ моҳ аз хона намебаромад. Ӯ гуфт: 25 «Ин кори Худованд аст, ки ҳоло ба ман назар андохта, нанги маро аз миёни мардум бардоштааст».
Хабар дар бораи таваллуди Исо
26 Дар моҳи шашум Худо фаришта Ҷаброилро ба шаҳри Носираи сарзамини Ҷалил фиристод. 27 Ӯ ба назди Марям ном духтаре омад. Марям номзади Юсуф, як марде аз авлоди шоҳ Довуд буд. 28 Фаришта пеши Марям омада, гуфт: «Салом, эй назаркардаи Худо. Худо бо туст».*1:28 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «Ту хушбахтарин дар байни занон ҳастӣ». 29 Марям аз ин суханони фаришта безобита шуда, худ ба худ фикр мекард, ки чаро ӯ ба ман чунин салом дод. 30 Фаришта бошад, ба ӯ гуфт: «Натарс, Марям, зеро Худо бар ту назар кардааст; 31 ҳоло ту ҳомиладор шуда, писаре таваллуд мекунӣ ва номашро Исо мегузорӣ. 32 Ӯ бузург мегардад ва Писари Худои Таоло хонда мешавад. Худованд Худо Ӯро ба тахти аҷдоди Ӯ Довуд мешинонад. 33 Ӯ то абад бар халқи Ёқуб фармонфармоӣ мекунаду подшоҳиаш ҳеҷ гоҳ ба охир намерасад».
34 Марям ба фаришта гуфт: «Ман то ҳол бо ягон мард наздикӣ надоштам, пас чӣ тавр ҳомиладор шуда метавонам?» 35 Фаришта ба ӯ ҷавоб дод: «Рӯҳи Муқаддас бар ту мефурояд ва қудрати Худои Таоло дар ту амал мекунад. Аз ин сабаб он кӯдаке, ки ту таваллуд мекунӣ, муқаддас ва Писари Худо номида хоҳад шуд. 36 Охир хеши ту Элисобат ҳам дар пиронсолӣ писаре дар шикам дорад ва ҳоло аз ҳомиладор шуданаш шаш моҳ гузаштааст, ҳарчанд нозой шуморида шуда буд. 37 Бидон, ки барои Худо ҳеҷ чизи ғайриимкон нест». 38 Марям гуфт: «Ман бандаи Худованд ҳастам ва бигзор ҳар чизе, ки шумо гуфтед, ба амал ояд». Сипас, фаришта аз пеши ӯ рафт.
Вохӯрии Марям бо Элисобат
39 Баъд аз ин Марям бошитоб ба шаҳре, ки дар кӯҳистони Яҳудия воқеъ буд, равона шуд. 40 Вақте ки ба он ҷо расид, ба хонаи Закарё даромада, бо Элисобат салом кард. 41 Саломи Марямро шунидан замон тифл дар шиками Элисобат ба ҷунбиш омад ва Элисобат аз Рӯҳи Муқаддас пур шуда, 42 бо овози баланд хитоб намуд: «Ту пурфайзтарин зани дунё ҳастӣ ва хушбахт аст он кӯдаке, ки дар шикам дорӣ! 43 Ман кӣ ҳастам, ки модари Худовандам ба диданам омадааст? 44 Нигоҳ кун! Ҳамин ки саломи ту ба гӯшам расид, аз шодӣ бача дар шикамам ба ҷунбиш омад. 45 Хушбахт ҳастӣ ту, ки ба иҷро шудани гуфтаҳои Худованд бовар кардӣ».
Таронаи Марям
46 Марям гуфт:
«Ҷони ман Худовандро ситоиш мекунад
47 ва рӯҳам аз Худои Наҷотдиҳандаам шод аст,
48 чунки Худо ба ман барин бандаи хокиаш назар андохтааст.
Баъд аз ин ҳамаи наслҳо маро хушбахт хоҳанд хонд,
49 зеро Худои Пурқудрат, ки номаш муқаддас аст,
бароям корҳои бузурге кардааст.
50 Вай насл ба насли касоне, ки худотарс ҳастанд,
марҳамати худро нишон медиҳад.
51 Ӯ бо дасташ корҳои боқудрат нишон дод
ва онҳоеро, ки дилашон мағрур буд, ба ҳар сӯ парешон сохт.
52 Ҳокимонро аз тахтҳояшон ба зер афканд,
вале одамони хоксорро сарбаланд кард;
53 гуруснагонро аз нозу неъматҳояш сер намуда,
сарватмандонро аз пешаш бо дасти холӣ фиристод;
54-55  ба хотири марҳаматаш,
ҳамон тавре ки ба аҷдодони мо, яъне ба Иброҳим ва авлоди ӯ то ба абад ваъда дода буд,
ба бандаи худ Исроил ёрӣ расонд».
56 Марям қариб се моҳ дар назди Элисобат монд ва баъд ба хонаи худ баргашт.
Таваллуди Яҳё
57 Вақти таваллуд кардани Элисобат фаро расид ва ӯ писаре зоид. 58 Ҳамсояҳо ва хешовандонаш фаҳмиданд, ки Худованд дар ҳаққи вай марҳамати бузурге кардааст ва ба шодии ӯ шарик шуданд.
59 Вақте ки кӯдак ҳаштрӯза шуд, ҳамаи онҳо ҷамъ шуданд, то дар рӯзи хатнаи кӯдак иштирок кунанд ва хостанд ӯро монанди падараш Закарё ном гузоранд. 60 Вале модараш гуфт: «Не, номи ӯ Яҳё мешавад». 61 Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Охир, дар байни хешонат ҳеҷ кас ин хел ном надорад». 62 Баъд бо имову ишора аз Закарё пурсиданд, ки ӯ кӯдакро чӣ ном мондан мехоҳад? 63 Вай тахтачаеро талаб карда, ба рӯи он навишт «Номи ӯ Яҳё аст» ва ҳама ҳайрон шуданд. 64 Ҳамин вақт забони Закарё кушода шуду ӯ ба гап даромада Худоро ҳамду сано хонд.
65 Ҳамаи ҳамсояҳо ба тарс афтоданд ва ин воқеаҳоро дар сар то сари кӯҳистони Яҳудия нақл мекарданд. 66 Онҳое, ки нақлашонро мешуниданд, дар дили худ чунин мегуфтанд: «Хӯш, ин кӯдак кӣ мешуда бошад?» Худованд бошад, дар ҳақиқат кӯдакро дастгирӣ мекард.
Пешгӯйии Закарё
67 Падари кӯдак Закарё аз Рӯҳи Муқаддас пур шуду пешгӯӣ карда, чунин мегуфт:
68 «Шаъну шараф ба Худованд Худои Исроил!
Зеро Ӯ ба ёрии халқи худ омада, онро озод кард.
69 Ӯ барои мо аз авлоди бандааш Довуд
Наҷотдиҳандаи пурқудратро пайдо кард,
70 чун аз қадим бо забони пайғамбарони муқаддаси худ гуфта буд,
71 ки моро аз душманонамон
ва аз дасти ҳамаи онҳое, ки моро бад мебинанд, наҷот медиҳад.
72-73  Ҳамин тавр Вай аз рӯи ваъдае, ки ба аҷдодонамон дода буд, ба мо раҳм нишон дод.
Инчунин он аҳду паймони муқаддаси худро аз хотир набаровард,
ки бо авлоди гузаштаи мо Иброҳим баста, қасам дод, ки 74-75  моро аз дасти душманонамон раҳоӣ медиҳад,
то ки тамоми умрамон бе тарсу ҳарос, дар покиву накӯкорӣ
ба Ӯ хизмат карда тавонем.
76 Пас ту, эй фарзанд, пайғамбари Худои Таоло номида мешавӣ,
чунки барои тайёр кардани роҳи Худованд пешопеши Ӯ қадам мезанӣ
77 ва ба халқи Ӯ мефаҳмонӣ, ки ба воситаи бахшида шудани гуноҳҳояшон
онҳо наҷот меёбанд.
78 Зеро аз раҳму шафқати Худои мо
офтоби субҳгоҳӣ аз осмон бар мо нурафшонӣ мекунад,
79 то бар касоне, ки дар торикию сояи марг мешинанд, равшанӣ кунад
ва қадамҳои моро ба роҳи сулҳу осоиштагӣ ҳидоят намояд».
80 Кӯдак бошад, калон шуда, рӯҳаш қавӣ мегашт ва то рӯзи ба халқи Исроил зоҳир гардиданаш дар биёбон зиндагӣ мекард.

*1:28 1:28 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «Ту хушбахтарин дар байни занон ҳастӣ».